РАИСИ ШАҲР ҲАМТОИ ОЛМОНИАШРО БА ДУШАНБЕ ТАКЛИФ КАРД
Душанбе, 13 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати ҳунармандони шаҳри Ройтлингенро, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст, ба ҳузур пазируфт. Ҳайати мазкур дар доираи баргузории «Ҳафтаи Олмон дар Тоҷикистон» ба Душанбе омадаанд. Зимни мулоқот Раиси шаҳр доир ба сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду бародаршаҳр Душанбе ва Ройтлинген ибрози назар карда, афзуд ки дар доираи баргузории «Ҳафтаи Олмон» душанбегиҳо бо санъати касбӣ ва олии ҳунармандони олмонӣ ошно гардиданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев паёми худро ба Обербургомистери бародаршаҳр Барбара Бош расонид. Мавсуф даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иштирок дар форуми бародаршаҳрҳои Душанбе, ки ба ифтихори 90-солагии пойтахт дар соли 2014 баргузор мешавад, ба Душанбе ташриф орад. Дар мулоқот, ки Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон Дорис Хертрампф ва Зузе Гнант- намояндаи Шӯрои шаҳрии Ройтлинген иштирок доштанд, иброз намуданд, ки бобати тавсеаи ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ хоҳанд сохт. Мавриди зикр аст, ки Душанбе бо Ройтлингени Олмон аз соли 1991 инҷониб паймони бародаршаҳрӣ бастааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






