РУШДИ САНОАТ ДАР БАДАХШОН

Ноябрь 5, 2010 15:46

Бадахшон, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). –  Солҳои  охир   иқтисодиёти вилояти  Бадахшон  пайваста  рушд  мекунад.  Тавре  Латиф  Шоҳзодаев  — сардори  Кумитаи  рушди иқтисоди  мақомоти  маҳаллии ҳокимияти  давлатии  вилоят  иттилоъ  дод,  то  охири  моҳи октябри  соли равон  дар  ҳудуди  ВМКБ  25  корхонаи  саноатӣ  фаъолият  дошт, ки  нисбат ба  соли  2009 – ум 20 адад  зиёдтар аст. Даромади  умумии  ин корхонаҳо дар  даҳ  моҳи  соли равон    30  миллион  сомониро  ташкил   дод.  Соли  ҷорӣ дар баробари  сехҳои гуногун корхонаи  хишти  ноҳияи  Ванҷ  ба истеҳсоли  маҳсулот оғоз  намуд. Соли  2011 бунёди  сехҳои зиёди маҳсулоттайёркунӣ ва     сохтмони   чанд  корхонаи  саноатӣ  дар назар  аст, афзуд Латиф Шоҳзодаев.

Ноябрь 5, 2010 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ