РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ УЗВИ НАВИ КМБШОО

Ноябрь 11, 2010 16:31

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз дар шаҳри Гуанҷои Ҷумҳурии Халқии Хитой пеш аз оғози Бозиҳои 16-уми Осиё ҷаласаи Кумитаи муносибатҳои байналмилалии Шӯрои Олимпии Осиё баргузор гардид. Дар кори он Рустами Эмомалӣ -ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон, ба аъзои кумита ба ҳайси узви нав муаррифӣ гардид.           Рустами Эмомалӣ ба роҳбарияти Шӯрои Олимпии Осиё барои боварӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри рушди  варзиш  дар Осиё равона хоҳад кард.    Ёдовар мешавем, ки бо қарори Президенти Шӯрои Олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фалаҳ Ал-Сабаҳ Рустами Эмомалӣ  ба ҳайси узви Кумитаи байналмилалии Шӯрои Олимпии Осиё таъин гардидааст.                Дар кори ҷаласа ба ҳайси меҳмон Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби аввали Президенти Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон  Маликшо Неъматов иштирок ва суханронӣ  намуд.

Ноябрь 11, 2010 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад