САНАДИ МОЛИЯВИИ ТОҶИКИСТОНУ ФАРОНСА
Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Протоколи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса 15 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, баррасӣ гардид. Мақсади пешниҳоди санади мазкур ба парлумони кишвар, тақвияти ҳамкориҳои молиявӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Фаронса аст. Бо мавриди амал қарор додани ин санад шароити сармоягузории Фаронса дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон густариш меёбад. Зикр шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи молиявӣ робитаҳои неку густурдаи ҳамкории молиявиро ба роҳ мондааст. Ин раванд имкон медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба комёбиҳои чашмрас ноил гардад. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласа ҳамчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» баррасӣ шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






