САРВАЗИРИ ҚАЗОҚИСТОН БА ДУШАНБЕ ОМАД
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Имрӯз, 24 ноябр сарвазири Қазоқистон Карим Масимов бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, дар доираи сафари худ Карим Масимов дар форуми соҳибкорони ҳар ду кишвар иштирок менамояд. Баъдан дар Қасри миллат мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Қазоқистон Карим Масимов баргузор мегардад. Ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу таърихи халқи тоҷик Карим Масимов ба муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчамбар мегузорад. Сипас, мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо сарвазири Қазоқистон Карим Масимов доир мегардад. Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба имзо расонида, бо хабарнигорони ВАО мулоқот доир менамоянд.