Ш. ЗУҲУРОВ: «СҲШ БОЯД ИҚДОМИ ҶИДДИРО РӮИ ДАСТ БИГИРАД»

Ноябрь 23, 2010 14:14

Душанбе, 23 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар доираи ин созмон аз ҳадафҳои асосии Тоҷикистон ба шумор меравад», гуфт зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо Дабири кулли СҲШ Муратбек Иманалиев.           Мавсуф бо таваҷҷӯҳ ба нуфузу эътибори ин созмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон тарафдори густариши равобит бо кишварҳои созмон аст.  Ш. Зуҳуров иброз дошт, ки Тоҷикистон хостори баланд гардидани эътибори СҲШ дар арсаи ҷаҳон буда, аз  иқдоми ин созмон пуштибонии амиқ менамояд.           Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат нақши СҲШ –ро дар ҳалли мушкилоти гуногуни минтақавӣ, хусусан миёни кишварҳои созмон муҳим арзёбӣ намуд, гуфт, ки СҲШ бояд дар заминаи бартараф намудани мушкилот, ки ба таври сунъӣ тавассути бархе аз кишварҳои аъзо нисбат ба кишвари дигар ба вуҷуд омадаанд, иқдоми ҷиддиро рӯи даст бигирад.  

Ноябрь 23, 2010 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст