СОКИНОНИ ТАҲМОС, ПАНҶРӮД ВА ҲИСОРАК КӮЧОНИДА
Душанбе, 9 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Сокинони беш аз 230 хонаи истиқоматии кӯчаи Таҳмоси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва 50 хонаи истиқоматӣ дар кӯчаҳои Панҷрӯд ва Ҳисораки маҳаллаи Буни Ҳисораки ноҳияи Сино кӯчонида мешаванд. Ин тадбир ҷиҳати татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, хусусан таҷдиди Ипподром ва табдили он ба Наврӯзгоҳи шаҳрӣ, сохтмони Гимназия- интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони лаёқатманд ва бунёди навбати дуюми иншооти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон андешида шудааст. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов, қитъаи замини манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва дигар иншооти дар кӯчаҳои мазкур ҷойгирбуда, барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта мешаванд. Соҳибони хонаҳои истиқоматии кӯчаҳои Таҳмос, Панҷрӯд ва Ҳисоракро шаҳрдорӣ тибқи қонунгузории ҷорӣ бо квартираҳои баробарарзиш таъмин намуда, ё худ бо хоҳиши онҳо ҷуброни зарар бо арзиши бозор пардохта мешавад. Бинобар сабаби маҳдуд будани квартираҳои озоди фонди манзили коммуналӣ ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони муроҷиаткунанда расонида мешавад, ки шаҳрдорӣ айни ҳол имконияти пешниҳод намудани квартираҳои иҷоравӣ ва фурӯши онҳоро бо шартҳои имтиёзӣ надорад ва муваққатан баррасии ин гуна муроҷиатҳо қатъ мешаванд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






