ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН

Ноябрь 24, 2010 16:22

Душанбе, 24  ноябр.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Ҷонмард). —  Имрӯз  дар  доираи  сафари  расмии  Сарвазири  Ҷумҳурии  Қазоқистон Карим  Масимов  ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  вохӯрии  хоссаи Сарвазири  Тоҷикистон  Оқил Оқилов  бо  Сарвазири  Қазоқистон  Карим  Масимов  баргузор  гардид.              Оқил  Оқилов  сафари расмии Сарвазири  Ҷумҳурии  Қазоқистон Карим  Масимовро  ба  Тоҷикистон аз омилҳои   муҳими  таҳкимбахшандаи  равобити  гуногунҷабҳаи  Тоҷикистону  Қазоқистон  арзёбӣ  карда,   изҳори  умеду  боварӣ намуд, ки  ин  сафар  дар таърихи  муносибатҳои  ду  кишвари  бо  ҳам  дӯст  нақши  муассиру  созанда  хоҳад  гузошт.            Мубодилаи  афкори  судманд ва баррасии   паҳлӯҳои   гуногуни   ҳамкориҳои  Тоҷикистону  Қазоқистон баъдан  дар  мулоқоти  дуҷонибаи  ҳайатҳои  васеъ  бо  иштироки  сарвазирони Тоҷикистону  Қазоқистон  Оқил  Оқилов  ва Карим  Масимов  идома  ёфт. Дар  мулоқоти  ҳайатҳои  васеъ  масоили  ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон  дар  бахшҳои  иқтисодию  тиҷоратӣ,  энергетикӣ,  фарҳангию  гуманитарӣ мавриди  баррасӣ  қарор  дода шуд. Бо  қаноатмандӣ  аз  раванди  5,7  фоиз   болоравии  мубодилаи  молу  маҳсулот  дар  миёни  Тоҷикистону  Қазоқистон  дар  зарфи 10  моҳи  соли  равон  таъкид  шуд, ки  дар тиҷорати хориҷии  Тоҷикистон  бо  мамолики  хориҷӣ  Қазоқистон  дар  миёни  давлатҳои  ИДМ  мақоми  намоёнро  ишғол  менамояд.             Дар  мулоқоти  хосса  ва  бо  иштироки  ҳайатҳои  васеи  ду давлат ҳамзамон  ба  масоили  рушду   тавсеаи  ҳамкориҳои  судманд дар  доираи  СММ, Созмони  ҳамкории Шанхай,  САҲА, ИДМ ва  Иттиҳоди  иқтисодии  ЕврАзия мароқ  зоҳир  шуд. Инчунин  татбиқи  лоиҳаҳои  муштараки  байнидавлатӣ дар  бахши  энергетика,  хусусан  ҷалби  сармояи  Қазоқистон  ба  лоиҳаҳои  муштараки  гидроэнергетикӣ  ва  бунёди  хатҳои  байнидавлатии  интиқоли  барқ аз  мавзуоти  асосии  мулоқоту  вохӯриҳои  дуҷониба  ба  ҳисоб  мерафт.             Баъди  анҷоми  мулоқоти  ҳайатҳои  васеъ  дар  ҳузури  Сарвазири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Оқил  Оқилов  ва  Сарвазири  Ҷумҳурии  Қазоқистон  Карим  Масимов  созишнома байни  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Қазоқистон «Дар  бораи  ҳамкорӣ дар  соҳаи туризм»  ба  имзо  расид. Аз  ҷараёни  сафари  расмии   Сарвазири  Ҷумҳурии  Қазоқистон  Карим  Масимов  ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  чорабиниҳои  дар  доираи он  баргузоргардида  дар  нишасти  матбуотии  Сарвазири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Оқил  Оқилов ва  Сарвазири  Ҷумҳурии  Қазоқистон  Карим  Масимов барои намояндагони  васоити  ахбори  умум  натиҷагирӣ  карда  шуд.           Дар  маҷмӯъ  боздиди  расмии  Сарвазири  Ҷумҳурии  Қазоқистон Карим Масимов  ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  самарабахш ва барои  фарогирии  бахшҳои боз  ҳам  бештари  ҳамкории  дӯстонаи  ду давлат басо  судманд арзёбӣ  гардид.

Ноябрь 24, 2010 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон менамояд
Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор гардид