ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН
Душанбе, 24 ноябр.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Имрӯз дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии хоссаи Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Сарвазири Қазоқистон Карим Масимов баргузор гардид. Оқил Оқилов сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро ба Тоҷикистон аз омилҳои муҳими таҳкимбахшандаи равобити гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Қазоқистон арзёбӣ карда, изҳори умеду боварӣ намуд, ки ин сафар дар таърихи муносибатҳои ду кишвари бо ҳам дӯст нақши муассиру созанда хоҳад гузошт. Мубодилаи афкори судманд ва баррасии паҳлӯҳои гуногуни ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон баъдан дар мулоқоти дуҷонибаи ҳайатҳои васеъ бо иштироки сарвазирони Тоҷикистону Қазоқистон Оқил Оқилов ва Карим Масимов идома ёфт. Дар мулоқоти ҳайатҳои васеъ масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бо қаноатмандӣ аз раванди 5,7 фоиз болоравии мубодилаи молу маҳсулот дар миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар зарфи 10 моҳи соли равон таъкид шуд, ки дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ Қазоқистон дар миёни давлатҳои ИДМ мақоми намоёнро ишғол менамояд. Дар мулоқоти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои васеи ду давлат ҳамзамон ба масоили рушду тавсеаи ҳамкориҳои судманд дар доираи СММ, Созмони ҳамкории Шанхай, САҲА, ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия мароқ зоҳир шуд. Инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ дар бахши энергетика, хусусан ҷалби сармояи Қазоқистон ба лоиҳаҳои муштараки гидроэнергетикӣ ва бунёди хатҳои байнидавлатии интиқоли барқ аз мавзуоти асосии мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба ба ҳисоб мерафт. Баъди анҷоми мулоқоти ҳайатҳои васеъ дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм» ба имзо расид. Аз ҷараёни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои дар доираи он баргузоргардида дар нишасти матбуотии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов барои намояндагони васоити ахбори умум натиҷагирӣ карда шуд. Дар маҷмӯъ боздиди расмии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самарабахш ва барои фарогирии бахшҳои боз ҳам бештари ҳамкории дӯстонаи ду давлат басо судманд арзёбӣ гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






