ТАНТАНАҲОИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР СУҒД

Ноябрь 24, 2010 14:18

Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Субҳи имрӯз дар Майдони назди «Нишони Давлатӣ»-и шаҳри Хуҷанд тантанаҳои умумивилоятии идона ба шарафи Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди Миллӣ оғоз ёфтанд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирокдорони тантана ва кулли мардуми шарифи вилояти Суғдро бо Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод карда, тазаккур дод, ки Парчам рамзи сарбаландию тавоноии халқест, ки вобаста ба таърих, анъана ва расму оин  шакл, ранг ва ҷузъиёти ливои давлатро интихоб мекунад. Намуди зоҳирии он тамоми шукӯҳу шаҳомати миллатро инъикос менамояд. Бо гузашти низомии аскарону афсарони горнизони Суғд қисми расмии тантанаҳои идона поён ёфт. Ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои гуногуни идона идома доранд.

Ноябрь 24, 2010 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид