ТАЪЗИЯИ Ҳ. ЗАРИФӢ АЗ МАРГИ САФИР
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров) – 11 ноябри соли 2010 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон омада, ба кормандони он аз марги бармаҳали Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯтолип Ибиҷонович Ахметов изҳори ҳамдардӣ намуд. Ҳ. Зарифӣ ба хешу наздикони А. И. Ахметов изҳори ҳамдардӣ намуда, дар Китоби таъзияҳо навишт: «Абӯтолип Ибиҷонович дар хотири мо ҳамчун хизматчии дипломати кордони касбӣ, дӯсти содиқ ва самимии Тоҷикистон, ки дар таҳкими муносибатҳои кишварҳо ва халқҳои мо саҳми назаррас гузоштааст, боқӣ мемонад»,- муроҷиат намуда, гуфт Ҳ. Зарифӣ ба хешу наздикони А. И. Ахметов ва намояндагони корпуси дипломатии Қазоқистон дар Тоҷикистон. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Зарифӣ имрӯз, ҳамчунин, ба Котиби давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Канат Саудабоев барқияи ҳамдардӣ фиристод. Дар барқияи ҳамдардӣ, аз ҷумла, омадааст: Хизмати бузурге, ки А. Ибиҷонова корҳое, ки барои вусъати муносибатҳои байнидавлатӣ, рушд ва таҳкими ҳамкориҳои манфиатовари бисёрсоҳаи байни Тоҷикистону Қазоқистон намудааст, беҳисоб аст. Сифатҳои олии инсонӣ, ватандӯстии амиқ ва худфидоии ӯ аз ҷониби мо сазовори эҳтиром гардидани ӯст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






