ТОҶИК ВАКИЛИ ПАРЛУМОНИ ҚИРҒИЗИСТОН
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти Сафири ҶТ Асомуддин Саидов бо раиси Ассотсиатсияи тоҷикони Қирғизистон, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ассамблеяи халқии Қирғизистон, вакили Ҷогорку Кенеш аз ҳизби «Ата-Макен» Равшанбек Собиров баргузор гардид. Дар чаҳорчӯби мулоқот Асомуддин Саидов пеш аз ҳама Равшанбек Собировро барои вакили мақоми қонунгузор интихоб гардиданаш, ки ин лаҳзаи хотирмон ба шумор меравад, табрик намуда, дар фаъолияташ комёбиҳо таманно намуд. Ин ҳодиса ҳам барои Қирғизистон ва ҳам барои Тоҷикистон бори аввал аст ва Равшанбек Собиров якумин тоҷикест, ки дар таърихи Қирғизистони соҳибистиқлол вакили парлумони ин кишвар интихоб гардидааст. Сипас мубодилаи афкор оид ба масоили таҳкими ҳамкории минбаъдаи дуҷониба доир гардид. Равшанбек Собиров иброз намуд, ки ғайр аз масъалаҳое, ки дар парлумон баррасӣ мешаванд, дар оянда баҳри мустаҳкамгардии муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон, ҳамчунин, рушди фарҳанги тоҷикон дар Қирғизистон кӯмаки худро мерасонад.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






