ТОҶИК ВАКИЛИ ПАРЛУМОНИ ҚИРҒИЗИСТОН

Ноябрь 12, 2010 11:55

Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти Сафири ҶТ Асомуддин Саидов бо раиси Ассотсиатсияи тоҷикони Қирғизистон, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ассамблеяи халқии Қирғизистон, вакили Ҷогорку Кенеш аз ҳизби «Ата-Макен» Равшанбек Собиров баргузор гардид. Дар чаҳорчӯби мулоқот Асомуддин Саидов пеш аз ҳама Равшанбек Собировро барои вакили  мақоми қонунгузор интихоб гардиданаш, ки ин  лаҳзаи хотирмон ба шумор меравад, табрик намуда, дар фаъолияташ комёбиҳо таманно намуд. Ин ҳодиса ҳам барои Қирғизистон ва ҳам барои Тоҷикистон бори аввал аст ва Равшанбек Собиров якумин тоҷикест, ки дар таърихи Қирғизистони соҳибистиқлол вакили парлумони ин кишвар интихоб гардидааст.    Сипас мубодилаи афкор оид ба масоили таҳкими ҳамкории минбаъдаи дуҷониба доир гардид. Равшанбек Собиров иброз намуд, ки ғайр аз масъалаҳое, ки дар парлумон баррасӣ мешаванд, дар оянда баҳри мустаҳкамгардии муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон, ҳамчунин, рушди фарҳанги тоҷикон дар Қирғизистон  кӯмаки худро мерасонад.  

Ноябрь 12, 2010 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад