ТОҶИКИСТОН БО НЕКБИНОН ҲАМКОРӢ МЕНАМОЯД
Душанбе, 25 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамеша аз ташаббусҳои наҷиби башардӯстонаи Куба дастгирӣ менамояд», — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зтини иулоқоташ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Куба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абелардо Арнандез. Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушода буда, мо ҳамеша омодаем бо онҳое, ки ба мо назари нек доранд, ҳамкории судманд намоем. Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои тақвияти равобити судманди парлумонии Тоҷикистону Кубаро баррасӣ карданд. Зикр шуд, ки байни парлумонҳои Тоҷикистону Куба гурӯҳи дӯстии парлумонӣ фаъолият менамояд, ки он дар тавсеаи равобити байнипарлумонӣ нақши муассир мегузорад. Сафири Куба дар Тоҷикистон Абелардо Арнандез гуфт, ки Тоҷикистон дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳоест, ки ба Куба ва мардуми он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Дипломати Куба иброз дошт, ки зимни фаъолияти дипломатиаш ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Куба аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода хоҳад кард, то дар муносибатҳои ҳарду кишвар саҳифаи нав боз шавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






