УБАЙДУЛЛОЕВ БА ЛОНДОН РАФТ
Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Британияи Кабир сафар кард. Сафари ҳайати парлумони Тоҷикистон ба ин кишвар бо даъвати спикерҳои Палатаҳои Лордҳо ва Обшини парлумони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Баронесса Хейман ва Ҷон Берков ҷараён гирифт. Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Британияи Кабир то 20 ноябри соли равон идома ёфта, мақсади он ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва робитаҳои дуҷониба миёни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ аст. Зимни сафараш ба Британияи Кабир Маҳмадсаид Убайдуллоев бо фаъолияти парлумони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ шинос шуда, бо спикери Палатаи Лордҳо Баронесса Хейман, спикери Палатаи Обшин Ҷон Берков, муовини вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Сайман Фрейзер, Гурӯҳи парлумонӣ оид ба Афғонистон ва Кумита оид ба корҳои мудофиаи парлумони Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мулоқот менамояд. Инчунин, М. Убайдуллоев аз Марказ оид ба Осиёи Марказӣ ва мактаби омӯзиши Шарқ ва Африқои Донишгоҳи Лондон боздид мекунад. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар форуми Гурӯҳи Осиёи Марказии савдо, тиҷорат ва сармоягузорӣ (CATBIG) иштирок карда, бо доираи cармоягузорон ва институтҳои сармоягузорӣ вохӯриҳо доир менамояд. Дар сафар Маҳмадсаид Убайдуллоевро аъзои Маҷлиси миллӣ — Нуриддин Саидов, Заррина Раҷабова, Қобиламо Ғуломшоева, вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Латипов ва Маҳмадшариф Нозимов ҳамроҳӣ менамоянд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






