ВАЗИР ЗИДДИ АНДОЗБАНДИИ ҲАЙВОНОТИ ХОНАГӢ

Ноябрь 15, 2010 11:04

      Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, Барномаи рушди чорводориро ҳангоми қабули буҷет барои соли 2010  дар ҶТ тарафдорӣ намуд,- гуфт сардори Раёсати чорводории Вазорати  кишоварзии ҷумҳурӣ Музаффар Мирзоев.  Вазир ҳангоми  қабули буҷет таклифи вакилонро дар бораи андозбандӣ аз ҳайвоноти хонагӣ рад намуд ва   бо далелҳои мӯътамад изҳор дошт, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ саршумори ҳайвонот хеле кам шуд. Бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ андозбандии ҳайвоноти хонагиро бекор кард ва он натиҷаи хуб дод.             Ҳоло   дар хоҷагиҳои давлатию шахсии  ҷумҳурӣ 4,5 млн. сар чорвои хурд ва беш аз 2 млн. сар ҳайвоноти калони шохдор парвариш меёбанд, ки  ин дар таъмини аҳолӣ  бо маҳсулоти шириву гӯштӣ  мусоидат менамояд.    

Ноябрь 15, 2010 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст