ВЕЛОМАРАФОН ДАР РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Душанбе, 23 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Рӯзи Парчами давлатӣ, ки 24 ноябр таҷлил мегардад, дар пойтахт чорабинии варзишии оммавии дучархасаворӣ (веломарафон) гузаронида мешавад. «Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон, истифодаи воситаҳои техникии аз лиҳози экологӣ муфид ва солимгардонии ҷомеа гузаронида мешавад», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов. Мавсуф афзуд, ки веломарафон 24 ноябр соати 10. 00 оғоз гардида, дар он варзишгарони ин намуди варзиш ва алоқамандону дӯстдорон, ки синнашон аз 16 сола боло аст, иштирок менамоянд. Иштирокдорони веломарафон бо либосҳои варзишӣ, ки нишонаҳои рамзи Парчами давлатиро таҷассум менамоянд, таъмин мешаванд. Хатсайри ҳаракати веломарафон аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ наздикии КВД "Ипподром" оғоз гардида, то ба самти постгоҳи дар «Чорбоғ» будаи БДА сурат мегирад. Самти бозгашт аз хиёбони Рӯдакӣ ба самти хиёбони Исмоили Сомониро дар бар гирифта, нуқтаи анҷомаш варзишгоҳи марказӣ мебошад. Аз ҷониби кумитаи тадорукот ва сарпарастони чорабинӣ ба ғолибони веломарафон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва молӣ тақдим мешавад. Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Сарпарастони веломарафон ширкати алоқаи мобилии «МЛТ» ва Барномаи рушди СММ мебошанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






