ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Декабрь 23, 2010 09:59

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар»Лаззат Диловарзод).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими заминаи таълими    Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони бекор дар асоси қарордодҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ татбиқи лоиҳахои ҳамкориро бо як қатор ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷамъияти ҳамкориҳои техники   Олмон (GTZ), Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Раёсат оид ба ҳамкорӣ ва рушди Туркия (ТИКА), Намояндагии Ассотсиатсияи олмонии «Каритас» ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат пайваста густариш медиҳанд.    Муассиса дар айни замон ҷиҳати таҷҳизонидани синфхонаҳои таълимӣ,  устохонаҳо ва озмоишгоҳҳои дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Конибодом ва ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади  сифатан ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия, ҷорӣ намудани омӯзиши ихтисосҳои нави замонавӣ, ки ба онҳо талабот дар бозори меҳнат зиёд аст, корҳои муайянеро ба сомон мерасонад,- иброз доштанд дар шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ  ва муҳоҷират ба мухбири АМИТ «Ховар».                  

Декабрь 23, 2010 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ