Ҳ. ЗАРИФӢ САФИРИ ТУРКИЯ ДАР ТОҶИКИСТОНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Декабрь 17, 2010 15:09

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-17 декабри соли 2010 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири фавқулъода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мехмет Мунис Дирикро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт. Баъди маросим сўҳбати вазир бо сафир баргузор гардид. Дар рафти он Ҳ. Зарифӣ изҳори умедворӣ намуд, ки сафири кишвари дӯст дар рафти адои вазифаи худ барои таҳким ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи байни кишвари худ ва Тоҷикистон саҳми сазовор хоҳад гузошт. Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баррасӣ гардида, масъалаҳои омодагӣ ба маъракаи «Нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ», 23 декабри соли 2010 дар Туркия баргузор мегардад, мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Департаменти иттилоотии ВКХ хабар доданд.      

Декабрь 17, 2010 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид