ҶОНИБДОРИИ БЕШ АЗ 10 ҚОНУНИ НАВ
Душанбе, 16 декабр.АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-13 қонуни нав дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, аз ҷониби аъзои палатаи болоии парлумони мамлакат ҷонибдорӣ гардид. Қонунҳои Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ», «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи тибби оилавӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ» ва «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Зимни шарҳи қонунҳои нав раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Мамадшо Илолов, Матлубхон Давлатов, Убайдулло Қурбонов ва муовини раиси Кумитаи палатаи болоии парлумони мамлакат Садриддин Шарифов зикр карданд, ки қонунҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанги экологӣ, муайян намудани асосҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, беҳдошти вазъи сиҳатии омма, хусусан рушди институти тибби оилавӣ, ки имрӯзҳо дар ҷаҳони мутамаддин афзалияти бештар дорад, нақши муассир мебозанд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






