АФЗОИШИ ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ СУҒД ВА РОССИЯ
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тӯли 11 моҳи соли 2010 аз вилояти Суғд ба Федератсияи Россия ба маблағи 641 28,8 доллари ИМА молу маҳсулот содир карда шудааст, ки ин миқдор 37,4 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ 654 642,4 доллари ИМА — ро ташкил дода буд. Ин нишондод нисбат ба соли 2005 қариб 2 маротиба зиёд аст. Дар ҳамин муддат аз Федератсияи Россия ба вилояти Суғд ба маблағи 236 49,2 ҳазор доллари ИМА молу маҳсулот ворид шудааст, ки ин 36,2 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти воридотиро ташкил медиҳад. Агар соли 2005 аз Федератсияи Россия ба вилояти Суғд ба маблағи 530 25,7 ҳазор доллари ИМА молу маҳсулот ворид шуда буд, соли 2008 ин нишондод ба 368 363,9 ҳазор доллар, соли гузашта ба 222 755,8 ҳазор доллар баробар шуд. Таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии вилоят бо минтақаҳои Федератсияи Россия дар солҳои охир ба ин раванд мусоидат менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






