АНГИШТИ РАВНОБ КУҶОСТ?
Хоруғ, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Ҳамасола дар мавсими сармо мардуми Бадахшон асосан аз конҳои Шӯроб ва Миёнаду ангиштсанг харид менамоянд, дар ҳоле ки дар ҳудуди вилоят кони ангишти Равноб мавҷуд аст. Пас чаро ангишти кони Равноб ба аҳолӣ ва муассисоти соҳаи маориф ва тандурустии навоҳии вилоят фурӯхта намешавад? Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ин суол ба раиси ҷамоати деҳоти Сағирдашт Исмоил Мирзоев, ки кони ангишти Равноб дар ҳудуди ин ҷамоат ҷойгир аст, муроҷиат намуд. Ба гуфти Исмоил Мирзоев дар як сол аз кони Равноб аз 500 то 700 тонна ангиштсанг истихроҷ шуда, аҳолии ҳудуди ноҳия бо он таъмин мегарданд. Аз маркази ноҳия то кони ангишт беш аз 100 км роҳ сӯи баландӣ меравад, ки хароҷоти сӯзишворӣ хеле зиёд аст. Инчунин бо барфи нахустин роҳ маҳкаму қариб охири баҳор кушода мешавад. Исмоил Мирзоев иттилоъ дод, ки роҳи дигари сӯи кон, ки хеле кӯтоҳ ва ҳамвор аст, кашф карда шуд. Солҳои наздик бунёди ин роҳ оғоз мегардад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






