БАРРАСИИ РОҲҲОИ РУШДИ СОҲАИ НАССОҶӢ ВА ДӮЗАНДАГӢ
Душанбе, 6 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раванди иҷрои марҳилаи саввуми Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» фардо, 7-уми декабр, дар нишасти Кумитаи назоратии лоиҳа дар шаҳри Душанбе баррасӣ мегардад. Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ва беҳтар намудани зерсохтори идораи сифат дар ҷумҳурӣ таҳия шудааст. Ин лоиҳа аз ҷониби Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ ва аз ҷониби идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ шуда, иҷрои марҳилаи саввуми он дар моҳи сентябри соли 2009 оғоз ёфтааст. Кумитаи назоратии лоиҳа бо мақсади кӯмак дар фаъолияти лоиҳа, шаффофият дар кори амалигардонии он ва замонати посухгӯ будани натиҷааш ба афзалиятҳои кишвар ташкил шудааст. Дар назар аст, ки намояндаи СЕКО Анна Швартс доир ба роҳҳои рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон гузориш медиҳад. Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор содироти маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ, хусусан, нассоҷӣ ва дӯзандагӣ мебошад.10.20.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






