БОЗ ДУ «БОИНГ» БАРОИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори ширкати ҳавопаймоий «Сомон — Эйр» Алишер Рустамов, тирамоҳи соли 2011 парки ҳавопаймоии ширкати мазкурро боз ду ҳавопаймои калонҳаҷми сохти «Боинг 737 900» пурра мекунад. Ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳар ду ҳавопаймо дар корхонаи шаҳри Сиэтли давлати Амрико васл карда шуда, тирамоҳи соли 2011 ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Айни замон, ширкати «Сомон — Эйр» дорои се ҳавопаймои сохти «Боинг» буда, барои боз ҳам пурра кардани парки ҳавопаймоӣ шумораи ҳавопаймоҳои мусофирбарро ба тадриҷ зиёд менамояд. Боиси тазаккур аст, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ тавассути ширкати мазкур ба шаҳрҳои ФР, Чин, Олмон, Туркия ва дигар давлатҳои Ховари Миёна наздик ба 217 ҳазор мусофирон интиқол дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ду баробар зиёд аст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






