БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОРИ НАВ ДАР ҶУМҲУРӢ

Декабрь 28, 2010 09:11

Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, то 1- уми декабри соли 2010 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 12 ҳазору  350 гектар боғҳои нав бунёд шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2, 3 баробар зиёданд.    Ба иттилои ҳамин манбаъ, аз масоҳати умумии боғҳо дар  2 ҳазору 338 гектар мевагиҳои тухмдор, дар  8 ҳазору 155 гектар мевагиҳои донакдор, дар майдони 10 ҳазору 98 гектар чормағзу бодом, дар 750 гектар меваҳои субтропикӣ ва дар 8 гектар меваҳои ситрусӣ шинонида шудааст.    Аз миқдори умумии боғҳои нав 1621 гектари он  дар заминҳои лалмӣ бунёд   шудааст.    Дар ҳамин давра 1 ҳазору 97 гектар токзор бунёд шудааст, ки нисбат ба соли 2009 4,3 фоиз кам аст, ҳол он ки талаботи давлатҳои Шарқу Ғарб   ба ангури Тоҷикистон то рафт меафзояд. Аз ин рӯ тибқи барномаи давлатӣ,  майдони ангурзори кишвар то соли 2015  бояд ду баробар зиёд   шавад.    Дар соли ҷорӣ,   инчунин, 1694 гектар боғ аз нав барқарор  гардид .    

Декабрь 28, 2010 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид