ЧИНИҲО ДАР ТОҶИКИСТОН ЗАВОДИ ХИШТ МЕСОЗАНД

Декабрь 14, 2010 11:36

Душанбе, 14 декабр.(АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Саноати маводи сохтмон яке аз соҳаҳои афзалиятноки саноатамон ба шумор рафта, дар пешрафти иқтисодиёти кишвар нақши муҳим  мебозад. Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсоли хишт, семент, гаҷ, оҳак, масолеҳи ғайримаъданӣ, тахтасангҳои мармарӣ ва ғайра фаъолият карда, сохтмони якчанд корхонаҳои дигар идома  дорад ва бунёди  боз чандин корхонаҳо пешбинӣ гардидааст.    Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар»  аз  дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, дар солҳои 90-ум агар 30 корхонаи истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонӣ арзи вуҷуд дошта бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 130 адад расидааст. Теъдоди коргарони   онҳо  зиёда аз 5000 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ 6 корхонаи хурду калони сементбарорӣ, 70 корхонаи хиштбарорӣ, 46 корхонаи истеҳсоли қуму  шағал, 6-тогӣ корхонаҳои хурди оҳаку гаҷбарорӣ ва ғайра фаъолият доранд. Ин корхонаҳо   бозори дохилии кишварро ба ҷуз семент бо шиша ва дигар  масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд.    Дар зарфи 11 моҳи соли равон истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст.    Дар натиҷаи фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ тайи чанд соли охир бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ даҳҳо корхонаҳои нав бунёд ёфта, сохтмони корхонаҳои зиёди дигар идома доранд.      Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳамкории ширкатҳои хусусии Ҷумҳурии Халқии Чин бо корхонаҳо ва соҳибкорони ҶТ   равнақ ёфта истодааст. Саҳми якҷояи ширкатҳои хитоӣ ва тоҷик асосан ба соҳаи истеҳсоли хишти сохтмонӣ равона  шудааст. Айни замон дар алоҳидагӣ ва ҳамдастӣ бо  Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 корхонаи хиштбарорӣ  фаъолият  менамоянд.  

Декабрь 14, 2010 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад