ДАР СУҒД БА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӣ ЭЪТИБОР МЕДИҲАНД
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳимтарини иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи тадбиқи босамар барномаҳо ва чораҷӯиҳо кишоварзони вилояти Суғд соли 2010 дар бештари самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар натиҷаи меҳнати мунтазами кишоварзони вилоят дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфта, зиёда аз 2,4 млрд. сомониро ташкил дод. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2010 истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагиҳо ба 250 ҳазор тонна расонида шуд, ки он нисбат ба соли 2009-ум 1,2 фоиз ё худ 7 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли сабзавот ба 278,4 ҳазор тонна ва полезӣ ба 57,9 ҳазор тонна расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба 102 ва 127 фоизро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки соҳаи картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд ба шумор рафта, сол аз сол зиёд намудани майдони кишти он гувоҳи он аст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли картошка ба 275,7 ҳазор тонна расонида шуд, ки суръати афзоиш 112,9 фоиз ё худ 31,5 ҳазор тонна зиёд мебошад. Афзоиши ҳаҷми истеҳсол асосан аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранок истифода намудани заминҳо таъмин мегардад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






