ДАЪВАТИ СИЁСАТМАДОРИ ШИНОХТА БА ФОРУМИ ЭКОЛОГӢ
Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Апрели соли 2011 дар Ҷакарта бизнес –форуми байналмилалии экологӣ доир мешавад, ки ба он дар радифи сарварони баландпояи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки борҳо аз минбари СММ ва дигар созмонҳои мӯътабари ҷаҳонӣ оид ба проблемаҳои глобалии экологӣ баромад намудааст, даъват менамоем». Ин матлабро раиси Шӯрои минтақавии намояндагони Индонезия Ирман Гусман зимни мулоқоти худ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зикр кард. Ирман Гусман гуфт, ки иштироки чунин сиёсатмадори шинохта дар кори бизнес-форуми байналмилалии экологӣ боиси ифтихори созмондиҳандагони ин нишаст аст. Дар назар аст, ки дар бизнес-форуми экологии Индонезия Дабири кулли СММ, Президенти Бразилия, губернатори иёлоти Калифорнияи Амрико ва намояндагони дигар доираҳои баландпояи расмию тиҷоратӣ иштирок менамоянд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






