ДУ ЗАБОНИ ХОРИҶИРО ДОНИСТАН ҲАТМИСТ
Душанбе, 6 ноябр. ( АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин) — Дар санаи 3 ноябр дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Додихудо Саймуддинов бо донишҷӯёни ДМТ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ректори ДМТ Нуриддин Саидов ва олимони донишгоҳи мазкур ҳузур доштанд. Мавзӯи вохӯрӣ баррасии лоиҳаи «Қонуни ҶТ оид ба забони давлатӣ ва имлои нави забони тоҷикӣ» буд. Дар рафти суханронӣ Д Саймуддинов зикр намуд, ки мутобиқи қонуни нави забони давлатӣ ҳар шахсе ки ба забони давлатӣ беэътиноӣ зоҳир мекунад, ба ҷазои ҷиноятӣ кашида мешавад. Пеш аз ин барои ин амал танҳо ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шуда буд. Бино ба гуфти ректори ДМТ Нуриддин Саидов ҷиҳати масъалаи забономӯзии донишҷӯёни имрӯза дар сатҳи паст қарор дорад. Мавсуф зимни суханронияш зикр намуд, ки ҳар як донишҷӯй бояд на кам аз ду забони хориҷиро донад. Баъд аз вохӯрӣ устодону донишҷӯён ба саволҳои зиёди худ аз меҳмонон ҷавоб гирифтанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






