Э. РАҲМОН КАДРҲОИ НАВТАЪЙИНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Декабрь 9, 2010 11:43

8 декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар соҳаи судии кишвар, аз ҷумла дар Шӯрои адлия ва судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъин шудаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт. Нахуст фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаҳо таъин шудани онҳо қироат карда шуд. Амирхон Исҳоқов Муовини аввали раиси Шӯрои адлияи мамлакат, Мавлуда Қаландарова  Муовини раиси Шӯрои адлия, Искандар Давлатов Раиси суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Шодихон Назаров Муовини раиси суди вилояти Суғд ва 15 нафари дигар ба вазифаҳои раиси суд ва судя дар шаҳру ноҳияҳо таъин карда шуданд. Зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи онҳоро бештар ба мубориза бо коррупсия дар ҳамаи қишрҳои ҷомеа, ба тарбияи кадрҳои ҷавон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҷалб намуда, доир ба ин ва дигар масоили ҳалталаб дастуру ҳидоятҳо дод. Аз онҳо ҳамчунин талаб карда шуд, ки вазифаҳои худро бо масъулияти баланди касбӣ, дасту дили пок, нияти нек ва бо садоқат ба халқу ватан ва давлату ҳукумати хеш иҷро намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 9, 2010 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад