ХАТҲОИ НАВИ ПАРВОЗ ЗАРУРАНД

Декабрь 20, 2010 09:02

   Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тоҷикистон дар муддати 19 соли истиқлолият дар қиёс бо даврони шӯравӣ аз бисёр ҷиҳат пеш рафт ва ин ба касе пӯшида нест, акнун касе рӯмоли ҷопонию қолинҳои зебои камёбро на дар Санкт- Петербург меҷӯяду на дар дигар бозорҳои Русия.  Имрӯз дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба иборае «шири мурғ» -ро пайдо кардан мумкин, — мегӯяд қаҳрамони кори шӯравӣ Ҳасан Гадоев. Аммо  чизе, ки аз он  чашм пӯшида намешавад аз байн рафтани хатсайрҳои ҳавоии дохили кишвар аст, ки чандин сол боз фаъол нестанд. Ҳамагон хостори онанд,  ки роҳи наздику бехатар дошта бошанд ва ин роҳ — роҳи хатсайрҳои ҳавоӣ аст, ки барқарор намудани онҳо тақозои замон  ва амри зарурӣ аст.    Ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар  бо мақсади ба даст овардани фоидаи бештар дар кушодани хатҳои нави парвоз бо давлатҳои Аврупою Осиё бештар таваҷҷӯҳ доранд, ки ин бадӣ надорад, аммо хатҳои парвози дохилӣ, ки минтақаҳои гуногуни кишварро ба якдигар мепайванданд, набояд фаромӯш шаванд.    Шояд ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик  Эйр » ва «Сомон  Эйр» дар соли нави милодӣ бо назардошти дархости мардум фикри кушодани хатсайрҳоро дар дохили кишвар аз сар гиранд.

Декабрь 20, 2010 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид