ХИЁБОНҲОИ ШАҲР ОРОИШИ ҶАШНӢ МЕГИРАНД

Декабрь 14, 2010 13:50

Душанбе, 14 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи омодагии пойтахт ба ҷашни  20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои умдае буд, ки дар ҷаласаи шаҳрдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.     Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо назардошти арзиши баланд доштани ҷашни мазкур ва нақшаҳои ободонии тамоми соҳаҳои пойтахт, комиссияҳои ваколатдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо муваззаф сохт, ки  дар таносуби соҳа ва ноҳияҳои шаҳр ҷараёни корҳои анҷомгирифтаро мавриди санҷиш қарор дода, ба унвони шаҳрдорӣ ахбори расмӣ пешниҳод созанд.        Инчунин, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе вазифадор гардид, ки то 25 декабри соли равон дар ҳамкорӣ бо раисони ноҳияҳо, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ва дигар ширкатҳои дизайнерӣ дар Шӯрои шаҳрсозӣ масъалаи ороиши мавзӯии кӯчаву хиёбон ва маҳаллаву шаҳракҳоро баррасӣ намуда, бо интихобу тасдиқи ҳар кадоми он назорати иҷрои онҳоро аз ҷониби масъулин таъмин созад.

Декабрь 14, 2010 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад