«ХОҲОНИ РУШДУ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН ҲАСТЕМ»- АНВОРӢ
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ Ҳусейн Анворӣ мулоқот анҷом дод. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов аз Теҳрон иттилоъ дод, ки Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба роҳбарият ва кормандони Кумитаи имдод ҷиҳати расонидани кӯмакҳои гуногуни иҷтимоию тиббӣ ва башардӯстона ба табақаҳои ниёзманди Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Дар мулоқот мусоҳибон тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Эронро дар доираи фаъолияти Кумитаи имдод баррасӣ карданд. Ҳусайн Анворӣ гуфт, ки мо хоҳони рушду пешрафти Тоҷикистон ҳастем. Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар оянда ҷиҳати таъсиси марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ ва корхонаҳои хурд мусоидат намуда, бо ин роҳ барои ба шуғли муайян фаро гирифтани ҷавонон ва мардуми Тоҷикистон, хусусан рушди тиҷорати хурд ва мушарраф гаштан ба беҳдошти рӯзгор кӯмак мерасонад, афзуд ӯ. Дар мулоқот ҳамчунин, самтҳои минбаъдаи фаъолияти намояндагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Баъди мулоқот бо роҳбарони баландпояи Эрон ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба маркази маъмурии вилояти Хуросони Разавӣ шаҳри Машҳад рафт. Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Машҳад Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯро раиси вилояти Хуросони Разавӣ Маҳмуд Салоҳӣ пешвоз гирифт.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






