ИНТИХОБОТИ ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ САҲА
Душанбе, 8 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2010 баргузор гардид, ба меъёрҳои байналмилалии баргузории интихоботи демократӣ, хусусан Созишномаи Копенгаген ҷавобгӯ набуд». Ин матлабро муовини директори Бюрои институти демократия ва ҳуқуқи инсони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Дуглас Вэйк 8 декабр дар Душанбе зимни муаррифии гузориши ниҳоии ҳайати нозирони САҲА иброз намуд. Мавсуф афзуд, ки нозирони САҲА зимни мушоҳидаи ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон шоҳиди қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ гардиданд. Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов иддаои намояндаи САҲА-ро рад карда, афзуд, ки интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Тоҷикистон шаффоф ва ба таври демократӣ баргузор гардид. Баҳои баланд гирифтани интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай шаҳодати гуфтаҳост, иброз дошт М. Додоҷонов. Дуглас Вэйк зикр кард, ки ҳадафи гузориши ниҳоии ҳайати нозирони Институти демократия ва ҳуқуқи инсони САҲА доир ба натиҷаҳои интихоботи парлумонии Тоҷикистон танқид набуда, балки он ба ислоҳи камбудиҳои гузашта ва баргузор намудани интихоботи озоду демократӣ ва шаффоф дар оянда мусоидат хоҳад кард. Дар нишаст, ки намояндагони ҳукумати мамлакат, аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ниҳодҳои сиёсии кишвар ҳузур доштанд, доир ба такмили қонунгузории кишвар дар мавриди баргузор намудани интихоботи шаффоф, баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷомеа, гуногунандешӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба гузаронидани интихоботи одилонаю демократӣ табодули назар карданд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






