ИШТИРОКИ Э. РАҲМОН ДАР ШӮРОИ БАЙНИДАВЛАТИИ ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁ

Декабрь 10, 2010 10:11

Дирӯз, 9 декабр, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар  ҷаласаи  навбати Шӯрои  байнидавлатии Иттиҳоди  иқтисодии  АвруОсиё, ки дар  шаҳри Маскави  Федератсияи  Русия  баргузор  гашт,  иштирок ва  суханронӣ  намуд.          Хотиррасон  бояд  кард, ки  ба ин  созмони минтақавӣ Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон ва  Қирғизистон аъзо мебошанд. Ӯзбекистон узвияти худро  мавқуф  намуда, Арманистон дар  он  мақоми  нозирро  дорост.           Дар  ин  ҳамоиш  асосан  масоили вобаста  ба таъсис ва ташкили  фаъолияти  Иттиҳоди гумрукӣ ва  Фазои  ягонаи  иқтисодӣ дар қаламрави  Иттиҳоди  иқтисодии АвруОсиё, ташкили бозори  энергетика ва  иттиҳоди  нақлиётӣ,  ҳамгироӣ  дар  бахшҳои  воқеии  иқтисодӣ,  иҷтимоию  гуманитарӣ ва  ҳамчунин масъалаҳои  амнияти  озуқаворӣ,  муҳоҷирати  меҳнатӣ ва  такмили  низоми  идории  созмон баррасӣ  шуд.         Дар  суханронии  Сарвари  давлати Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон, аз  ҷумла  зикр  гардид, ки  «фаъолияти  Шӯрои Иттиҳоди  иқтисодии  АвруОсиё  оид ба  сиёсати  молиявию иқтисодӣ  дар татбиқи  тадбирҳои  муштарак  барои  бартараф  намудани  оқибатҳои  бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ  бояд  ҷоннок  карда шавад».         Ба  андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «дастгирии  интиқоли  мутақобилаи  молу  маҳсулот, татбиқи  лоиҳаҳои  муштараки  сармоягузорӣ ва  ҳамдастии  истеҳсолӣ  дар  шароити имрӯза  басо  муҳиманд, зеро  ба ин васила  мо  метавонем ҷойҳои нави  корӣ ва барои  соҳибкорону  тоҷирон бозорҳои  нав  муҳайё созем».          Имрӯз  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  дар  ҷаласаҳои  сарони  давлатҳои  аъзои  Созмони  Аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  ва  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  иштирок  менамоянд.          Дар  ин  бора  ба  АМИТ «Ховар» Котиби  матбуоти  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Абдуфаттоҳ  Шарифзода  аз  шаҳри Москваи  Федератсияи Россия  иттилоъ  доданд.  

Декабрь 10, 2010 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад