ИШТИРОКИ Э. РАҲМОН ДАР ШӮРОИ БАЙНИДАВЛАТИИ ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁ
Дирӯз, 9 декабр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбати Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор гашт, иштирок ва суханронӣ намуд. Хотиррасон бояд кард, ки ба ин созмони минтақавӣ Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон аъзо мебошанд. Ӯзбекистон узвияти худро мавқуф намуда, Арманистон дар он мақоми нозирро дорост. Дар ин ҳамоиш асосан масоили вобаста ба таъсис ва ташкили фаъолияти Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ташкили бозори энергетика ва иттиҳоди нақлиётӣ, ҳамгироӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва ҳамчунин масъалаҳои амнияти озуқаворӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва такмили низоми идории созмон баррасӣ шуд. Дар суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки «фаъолияти Шӯрои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё оид ба сиёсати молиявию иқтисодӣ дар татбиқи тадбирҳои муштарак барои бартараф намудани оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ бояд ҷоннок карда шавад». Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «дастгирии интиқоли мутақобилаи молу маҳсулот, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ҳамдастии истеҳсолӣ дар шароити имрӯза басо муҳиманд, зеро ба ин васила мо метавонем ҷойҳои нави корӣ ва барои соҳибкорону тоҷирон бозорҳои нав муҳайё созем». Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия иттилоъ доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






