«КОРВОНИ УМЕД» 10 СОЛА ШУД

Декабрь 22, 2010 16:36

Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нахустин  шумораи яке аз ҳафтаномаҳои оммавитарини наврасон «Корвони умед»  27 декабри соли 2000 ба табъ расид, ки он аз меваҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб мегардад. Агарчи  ҷарида дар шаҳри Истаравшан  нашр мегардад, на танҳо дар вилояти Суғд, балки дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон мухбиру муштарӣ дорад. Ҳафтаномаи «Корвони умед»   дар мавзӯъҳои  тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии насли наврас, масъалаҳои донишандӯзӣ, равобити илму амал, ҷорӣ кардани технологияи муосир дар мактабҳо, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони варзида  саҳми назаррас  дорад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  мунтазам  ҳафтаномаро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ менамояд. Барои соли 2011 низ 500 нафар тарбиятгирандагони  мактаб-парваришгоҳҳо  аз ҳисоби  маблағҳои эҳтиётии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ин ҳафтанома обуна шуданд. Роҳбарият ва аҳли эҷоди Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» роҳбарият ва кормандони ҳафтаномаи «Корвони умед»-ро бо 10-солагии нашри нахустин шумораи ҳафтаномаашон муборакбод гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбӣ ва дастовардҳои назаррасро таманно доранд.  

Декабрь 22, 2010 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид