МАРКАЗИ ЗИЛЗИЛА ҚИСМАТИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ ДУШАНБЕ
Душанбе, 20 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 20 декабр соати 15. 50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон зилзила ба амал омад. Дар ин бора аз стансияи зилзиласанҷии Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Маркази заминларза дар 294 километрии қисмати ҷанубу шарқи Душанбе дар Афғонистон ба қайд гирифта шуда, қуввааш дар он ҷо ба 3- 4 бал расид. Дар Душанбе қувваи зилзила 2- 3 балро ташкил дод. Доир ба хисорот хабар нарасидааст.