МАШВАРАТИ ВАСЕИ КОРИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Декабрь 21, 2010 08:35

Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рўз 20 декабр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат, дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо  машварати васеи корӣ доир намуд. Дар машварат масоили вобаста ба рафти иҷрои Буҷети давлатӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар соли равон, татбиқи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон» ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуд. Доир ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ дар соли равон Вазири молияи мамлакат Сафаралӣ Наҷмиддинов ахбор дод.  Зикр гардид, ки дар 11 моҳ ба буҷети давлатӣ 4,4 миллиард сомонӣ ворид шуд, ки баробар ба 98,8% нақша мебошад. Ба иттилои вазири молия, воридшавии маблағҳо дар моҳи декабр нисбат ба моҳҳои пешина хеле афзун шудааст, ки ин барои таъмини пурраи нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ тамоюли умедбахш аст. Доир ба рафти иҷрои нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва дигар нишондодҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Қодири Қосим, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раисони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои дигар гузориш доданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба иҷрои пурраи буҷети давлатӣ, баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ, таъмини рушди бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ ва болобарии некуаҳволии мардуми кишвар дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи нокифояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори нигаронӣ карда, барои ҷоннок намудани кор дар ин самт супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷониби Сарвари давлат доир ба муҳокимаи васеи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон» ва расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар таълиму тарбияи насли ҷавони соҳибмаърифату ватандўст, оқилу доно, солиму нерўманд ва дур аз ғояҳои таассубу ифротгароӣ дар назди масъулини сохторҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Дастур дода шуд, ки ба ватан баргардондани ҷавонону наврасоне, ки дар мактабҳои динии хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, идома дода шавад ва сохторҳои давлатию ҷамъиятии кор бо ҷавонон ва занону оила низ дар ин самт фаъол бошанд. Доир ба рушди соҳибкории хусусӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, муҳайё намудани ҷойҳои зиёди корӣ ва ба корҳои манфиатбахш ҷалб намудани ҷавонони бекор низ дастуру супоришҳо дода шуд.  Масъулини дахлдор ҳамчунин вазифадор шуданд, ки доир ба таъмини мураттаби аҳолӣ бо нерўи барқ, тавсиа додани тадбирҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дар дигар самтҳо низ корҳоро ҷоннок намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Декабрь 21, 2010 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд