МУҲОКИМАИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ ИДМ ДАР МИНСК
Маскав, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Аз 9 то 10 декабр дар Минск дар Кумитаи иҷроияи ИДМ ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба масъалаи соҳаи саноати кишоварзии ИДМ баргузор мегардад. Аъзои Шӯро ҷамъбасти кори корхонаҳои саноатии кишварҳои ИДМ-ро дар соли 2010 муҳокима намуда, супориши Шӯроро оид ба амаликунии Консепсияи баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ оид ба ташкил ва фаъолияти бозорҳои маҳсулоти гӯшту шири давлатҳои узви ИДМ-ро баррасӣ менамоянд. Ғайр аз ин дар робита ба саммити дар пешистодаи ИДМ тахмин меравад, ки қарор дар бораи эълони соли 2011-Соли баланд бардоштани амнияти озуқа дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди давлатҳои мустақил қабул гардида, ҳамчунин ҷараёни иҷрои Қарори Шӯрои сардорони ҳукуматҳои ИДМ аз 14 ноябри соли 2008 дар бораи «Маҷмӯи чораҳои муштарак оид ба баланд бардоштани амнияти озуқавории давлатҳои узви ИДМ» ва Қарори Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба масъалаи соҳаи саноати кишоварзии ИДМ аз 4 декабри соли 2008 муҳокима мешаванд. Дар ҷаласа тибқи нақша, ҳамчунин масъалаи иштироки Шӯрои байниҳукуматии соҳаи кишоварзии ИДМ дар чорабиниҳои бахшида ба 20 солагии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, интихоби раиси Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба соҳаи саноати кишоварзии ИДМ ва муайян намудани вақт ва ҷойи гузаронидани ҷаласаи Шӯрои навбатӣ муҳокима мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






