МУҲОКИМАИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ ИДМ ДАР МИНСК

Декабрь 10, 2010 11:28

        Маскав, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Аз 9 то 10 декабр дар Минск дар Кумитаи иҷроияи ИДМ ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба масъалаи соҳаи саноати кишоварзии ИДМ баргузор мегардад. Аъзои Шӯро ҷамъбасти кори корхонаҳои саноатии кишварҳои ИДМ-ро дар соли 2010 муҳокима намуда, супориши Шӯроро оид ба амаликунии Консепсияи баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ оид ба ташкил ва фаъолияти бозорҳои маҳсулоти гӯшту шири давлатҳои узви ИДМ-ро баррасӣ менамоянд.     Ғайр аз ин дар робита ба саммити дар пешистодаи ИДМ тахмин меравад, ки қарор дар бораи эълони соли 2011-Соли баланд бардоштани амнияти озуқа дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди давлатҳои мустақил қабул гардида, ҳамчунин ҷараёни иҷрои Қарори Шӯрои сардорони ҳукуматҳои ИДМ аз 14 ноябри соли 2008 дар бораи «Маҷмӯи чораҳои муштарак оид ба баланд бардоштани амнияти озуқавории давлатҳои узви ИДМ» ва Қарори Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба масъалаи соҳаи саноати кишоварзии ИДМ аз 4 декабри соли 2008 муҳокима мешаванд. Дар ҷаласа тибқи нақша, ҳамчунин масъалаи иштироки Шӯрои байниҳукуматии соҳаи кишоварзии ИДМ дар чорабиниҳои бахшида ба 20 солагии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, интихоби раиси Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба соҳаи саноати кишоварзии ИДМ ва муайян намудани вақт ва ҷойи гузаронидани ҷаласаи Шӯрои навбатӣ  муҳокима мегардад.                  Дар ин бора ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.  

Декабрь 10, 2010 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад