МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ
Хоруғ, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ВМКБ доир ба пешгирӣ, ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои ҷиноятпеша фаъолияташонро пурзӯр менамоянд. Ҷиноятҳои коррупсионӣ фаъолияти мӯътадили мақомоти давлатиро халалдор ва ба раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Самти муҳими фаъолияти раёсатро сардори он Шодибек Ҷавов зимни гузаронидани таҳлилу санҷишҳо дар идораву корхонаҳо доир ба истифодаи мақсадноки маблағҳо муайян намуд. Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ кормандони раёсат дар 80 муассисаву корхонаҳо иҷрои қисми даромад ва хароҷотро мавриди таҳлил қарор доданд. Санҷишҳо нишон доданд, ки аз аввали сол инҷониб дар идораву ташкилот 25 ҷинояти хусусияти коррупсионӣ дошта, аз ҷумла ҳодисаҳои сохтакории хизматӣ, тасарруфи пулу мол ошкор шуданд. Маблағи зарар дар ҳаҷми 729705 сомонӣ рӯёнида шуда, аз ин ҳисоб 114863 сомонии он ба буҷа ворид гардид.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






