МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО КАДРҲОИ НАВТАЪИНШУДА
03 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кадрҳои мақомоти корҳои дохилиро, ки барои таъин шудан ба вазифаҳои роҳбарӣ пешниҳод шудаанд, барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт. Зимни сўҳбат барои таъини кадрҳои роҳбарӣ дар раёсату шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат мувофиқат ҳосил шуд, аз ҷумла доир ба Сардори Раёсати навташкили корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт таъин кардани Мустафоқул Рустамов ва Муовини аввали Сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъин шудани Ҳотамҷон Додобоев. ҳамчунин сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии як қатор шаҳру ноҳияи тобеи марказ, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон иваз карда шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз талаботи давлату ҳукумат доир ба таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои вазнину муташаккил ва вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ёдовар шуда, онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ва баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбӣ ва ба ҳушёрию зиракӣ дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон ҳидоят намуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






