МУШТЕ АЗ ХИРВОРИ ЛУТФИ ЛАТИФ

Декабрь 23, 2010 13:40

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Нашриёти «Империалгрупп» китоби «Муште аз хирвори лутфи латиф»- ро  нашр намуд ва он ба дасти хонандагон расид. Мураттиб ва гирдоварандаи китоб фолклоршиноси тоҷик Додоҷон Обидов мебошад.    Дар   китоб намунаи падидаҳои завқию бадеии ду навъи адабиёт: ҳам китобиву ҳам шифоҳӣ, ки бо номҳои мутойиба, мушоира ва латифа ёд мешаванд ва саршор аз хушгӯию  ҳозирҷавобӣ ва ҳазлу шӯхиҳои ширинанд, гирд омадаанд.    Маводи маҷмӯаро мураттиб Додоҷон Обидов солиёни зиёд аз тазкираҳо, баёз, чунгҳо, маҷмӯаҳои фолклорӣ, рисола ва асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мақолаҳои пажӯҳишӣ, рӯзномаҳо, пешгуфтор ва қисмати тавзеҳотии девон, куллиёт ва ё осори мунтахаби шоирон, ки дар Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ба табъ расидаанд, гирдоварӣ намудааст.

Декабрь 23, 2010 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид