Н.БОРДЮЖА: «ВАО НАБОЯД БА ИҒВОАНГЕЗӢ РОҲ ДИҲАД»
Маскав, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).-«Сиёсати муштараки иттилоотии давлатҳои узви СААД яке аз самтҳои афзалиятноки мубориза ба муқобили хатар ва таҳдидҳои муосир, таъмини самараноки қувваҳои муштарак оид ба созмон додани раванди амнияти дастаҷамъист», чунин ном дошт конфронси 8-уми байналмилалии илмӣ-амалие, ки 21 декабр дар шаҳри Маскав баргузор гардид. Дар конфронс Котиби генералии СААД Н. Бордюжа дар бораи натиҷаҳои фаъолияти муштараки кишварҳои узви СААД дар мубориза бо сомонаҳои интернетӣ, ки иттилооти мамнӯъро паҳн менамоянд, сухан гуфт. «Дар ҷамъбасти амалиёти муштараки гузаронидашуда зиёда аз ҳазор парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд. Ҳамчунин, корҳои омодагӣ оид ба ташкил намудани Маркази ягонаи иттилоотии СААД, ки дар заминаи Донишгоҳи давлатии Маскав таъсис меёбад, ба анҷом мерасанд», афзуд дар идома Н. Бордюжа. Ба гуфти котиби генералии СААД кор бо ВАО таваҷҷӯҳи махсусро талаб менамояд. «Набояд аз муошират бо ВАО ва аз саволҳои тезу нишонрас рӯй тофт, набояд аз танқид тарсид. Дар навбати худ бояд дар ВАО пайдо шудани хабарҳои дурӯғу иғвоангезро пешгирӣ намуд, зеро ин гунна хабарҳо вазъиятро тезу тунд намуда, муносибати байни миллатҳоро халалдор месозанд. Ба муносибати беҳурматона, таҳқиромез ва беадолатонаи ВАО нисбат ба ин ё он кишвар, роҳбарони давлатҳо ва дар маҷмӯъ ба ҳамаи миллатҳо набояд роҳ дод», — зикр намуд дар охири маърӯзааш Н. Бордюжа. Чорабини мазкур аз ҷониби котиботи СААД ва дастгоҳи Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсия Русия гузаронида шуд.








Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд






