НАҚЛИЁТ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти кормандони масъули Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ, дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2010 тавассути тамоми намудҳои нақлиёти мусофиркашони вазорату идораҳо, корхонаю ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд, соҳибкорони хусусӣ, ки бо роҳхат кор мекунанд, ҳамчунин нақлиёти Ассосиатсияи байналхалқии «АВВАТ» 491 млн. 834 ҳазор мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 112 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҳаҷми умумии мусофиркашонӣ бо нақлиёти истифодаи умум 234 млн. 415 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки 47 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашониро дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳад. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, дар моҳҳои январ — ноябри соли 2010 мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти таксомотории сабукрав нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 543 ҳазор ё се баробар зиёд шудааст.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






