НИГАРОНИИ САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ ТАБЛИҒИ ВАРЗИШ

Декабрь 21, 2010 11:42

Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Ҷонмард). —  «Инкишофи маънавию ҷисмонии  ҷавонон  ва нерӯи солими онҳо барои давлату миллат омили муҳим аст. Ин аст, ки имрӯзҳо кӯшиши давлат барои  рушд ва таъмини моддии инфрасохтори  фарҳанг, китобхона, нашри адабиёти таълимӣ, бо технологияи компютерӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, хусусан муассисаҳои варзишӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ нигаронида шудааст», — таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 20 декабр, зимни мулоқот бо варзишгарон ва масъулини соҳа. Ӯ афзуд, ки ҳадафи асосии сиёсати давлат барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии кишвар ба тарбияи ҷисмониву варзиш, гузашта аз ин, барои оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудааст. Дар воқеъ дар ҳамаи давру замонҳо  варзиш барои инсоният аҳамияти хоса дошт ва он яке аз  омилҳои муҳими ташаккули шахсияти солими ҷомеа аст. Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти иқтисодиву молиявӣ аз тамоми захираву имкониятҳо истифода бурда, ба хотири ҳарчи бештар ба варзиш ҷалб намудани мардум, бахусус ҷавонон ва омода сохтани варзишгарони сатҳи байналмилалӣ мунтазам ғамхорӣ менамояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки яке аз омилҳо то ба дараҷаи кофӣ густариш наёфтани соҳаи варзиш дар кишвар  — сатҳи пасти таблиғи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тавассути воситаҳои ахбори умум  мебошад. «Дар шароити имрўза ҳарчи бештар ва ҳадафноку пурмўҳтаво ташвиқ намудани варзиш ва аҳамияти бузурги он ба насли ҷавон таъсири мусбат мерасонад, ғайрату қувват ва азму иродаи онҳоро ба самти зарурии ҳаётӣ равона месозад», — тазаккур дод Президент.

Декабрь 21, 2010 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд