ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар ҷумҳурӣ барои ба зимистон омода намудани иншооти хоҷагии коммуналӣ ва фонди манзил тадбирҳои муайян андешида мешавад. То 1-уми декабри соли 2010 аз 51 дегхонаи гармидиҳанда таъмири 27 дегхона ё худ 52,9 фоизи онҳо ба анҷом расонида шудааст. Иваз намудани 326,5 км шабакаи гармирасон дар назар дошта шудааст. Дар асл 108,9 км шабакаи гармирасон иваз карда шудааст, ки 33,4 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ҳамчунин, то охири соли ҷорӣ иваз намудани 32,5 км қубурҳои садамавӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамагӣ 5,4 км ё худ 16, 6 фоизи он иваз шудааст. То фасли зимистон таъмири низоми гармирасонии 292 бино анҷом ёфтааст, ки 96, 1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. То имрӯз таъмири боми 285 бино ба поён расонидааст, ки 19,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда омодагии иншооти хоҷагии коммуналӣ ва фонди манзил барои зимистонгузаронӣ дар маркази шаҳр ба талабот ҷавобгӯ нест, ки сабаби он нарасидани маблағ аст.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






