ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН

Декабрь 10, 2010 08:35

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар ҷумҳурӣ барои ба   зимистон омода намудани иншооти хоҷагии коммуналӣ ва фонди манзил тадбирҳои муайян андешида мешавад.    То 1-уми декабри соли 2010 аз 51 дегхонаи гармидиҳанда  таъмири 27 дегхона ё худ 52,9 фоизи онҳо ба анҷом расонида шудааст. Иваз намудани 326,5 км шабакаи гармирасон дар назар дошта шудааст.  Дар асл 108,9 км шабакаи гармирасон иваз карда шудааст, ки 33,4 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ҳамчунин,  то охири соли ҷорӣ иваз намудани 32,5 км қубурҳои садамавӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамагӣ 5,4 км ё худ 16, 6 фоизи он иваз шудааст.    То  фасли зимистон таъмири низоми гармирасонии 292 бино анҷом ёфтааст, ки 96, 1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. То имрӯз таъмири боми 285 бино ба поён расонидааст, ки 19,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда омодагии иншооти хоҷагии коммуналӣ ва фонди манзил барои  зимистонгузаронӣ  дар маркази шаҳр  ба талабот ҷавобгӯ нест, ки сабаби  он нарасидани маблағ аст.  

Декабрь 10, 2010 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид