ПАРДОХТИ НАФАҚА ТАВАССУТИ КОРТҲОИ БОНКӢ

Декабрь 8, 2010 09:00

   Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раёсат ва кормандони Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» то 15 -уми ноябри соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳои 57 ҳазору 542 нафар нафақагирони шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро  барои пардохти нафақа тавассути корти бонкӣ омода намуданд.    Тибқи маълумоти омории Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шумораи умумии нафақагирони шаҳри Душанбе ва минтақаҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа дар моҳи ноябр 58 ҳазору 638 нафарро ташкил дод. Тибқи барномаи қабулшуда, ҳамаи  нафақагирон  бояд то охири сол бо кортҳои пластикии бонкӣ таъмин гарданд.    То моҳи ноябр Агентии ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  ҳуҷҷатҳои 58 ҳазору 558 нафар нафақагиронро  ба Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» барои омода намудани кортҳои пластикии бонкӣ пешниҳод намудааст.    Тибқи   маълумоти охирин,   «Амонатбонк» 33 ҳазору 313 корти пластикии бонкиро омода сохта дастраси нафақагирон гардонидааст. Кормандони «Амонатбонк» кӯшиш доранд то охири соли ҷорӣ ҳамаи нафақагирони шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро бо кортҳои пластикӣ таъмин намоянд.

Декабрь 8, 2010 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид